
Майдон
Майдон ё стадион — иншооти варзишист, одатан аз майдони алафӣ ва ҷойҳои тамошобинон иборат аст. Инчунин майдончаҳои иловагӣ ва ҷой барои машқкунӣ ва либосивазкунии дастаҳо дорад. Майдонҳо на фақат барои варзиш, балки барои гузаронидани консерт ва дигар чорабиниҳо истифода мешаванд. Майдонҳои аввалин дар Юнони Қадим барои гузаронидани бозиҳои Олимпӣ ва дигар мусобиқаҳо варзишӣ пайдо шудаанд. Аз ҳама майдони қадимтарин дар шаҳри Олимпияи Юнон ҷойгир шуда будааст. Сараввал майдон танҳо барои мусобиқоти давидан истифода мешуд; таҷрибаи стандартикунонии андозаи майдон — 180—200 метр аз ҳамин ҷо сар шудааст.